Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сочӣ режими махсуси амниятӣ ҷорӣ шуд


Дар шаҳри Сочии Русия шурӯъ аз рӯзи сешанбе, 7 январ – расо як моҳ қабл аз ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона режими вижаи амниятӣ ҷорӣ шуд.

Бо амри раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар атрофи Сочӣ чораҳои бесобиқаи амниятӣ андешида мешаванд, аз ҷумла, минтақаи мамнӯе ташкил шудааст, ки вуруд ба он ҷо бидуни санади зарурӣ номумкин аст. Ин минтақа аз Карачаево-Черкессия шурӯъ шуда, то марзи Абхозистон тул мекашад. Вуруди ҳама гуна нақлиёти дигар манотиқ, ба ҷуз мошинҳои хадамоти изтирорӣ ва дорои иҷозатномаи махсус, ба Сочӣ манъ шудааст. Барои талоши вуруди ғайриқонунӣ ба шаҳр ба маблағи 3 ҳазор рубл ҷарима муқарар шудааст.

Ба баъзе аз минтақаҳои махсус фақат баъд аз тафтиши кормандони полис метавон ворид шуд. Шурӯъ аз рӯзи сешанбе беш аз 30 ҳазор кормандони ҳифзи тартибот ва ҳамчунин ҳама идораҳои вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба режими шадиди кор гузаштанд.

Тобистони соли гузашта раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров таҳдид карда буд, ки ҳангоми Бозиҳои олимпӣ дар Сочӣ ҳамлаҳои террористӣ доир хоҳад кард. Бархе аз коршиносон ҳамлаҳои террористии шаҳри Волгоградро ҳам бо Олимпиадаи Сочӣ марбут мекунанд.
XS
SM
MD
LG