Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоии рабудашуда аз Барак Обама мадад хост


Уоррен Уейнстейн
Уоррен Уейнстейн
Як амрикоии солхӯрда, ки соли 2011 дар Покистон аз сӯи ҷангҷӯёни “Ал-Қоида” рабуда шудааст, аз раисиҷумҳур Барак Обама хостори мусоидат дар раҳоияш шуд. Уоррен Уейнстейн дар як навори видеоӣ изҳор намудааст, ки худро комилан таркшудаву фаромӯшшуда эҳсос мекунад.

Мусаллаҳони Уйенстейнро рабуда талаб доранд, ки Амрико дар ивази раҳоии ӯ зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мавқеъҳои ҷангҷӯён дар Афғонистон, Покистон, Сомалӣ ва Яманро қатъ кунад. Кохи Сафед хостори фавран озод кардани Уейнстейн шуд, аммо эълом дошт, ки бо террористон вориди музокирот намешавад.

Уоррен Уейнстейни 72-сола моҳи августи соли 2011 аз манзилаш дар шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шарқи Покистон, рабуда шуд. Ӯ раёсати бахши покистонии созмони ғайриҳукуматии амрикоии J.E.Austin Associates-ро бар ӯҳда дошт. Ин созмон ба ироаи хадамоту кӯмаки ҳуқуқӣ ба корхонаҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ машғул аст.
XS
SM
MD
LG