Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Ҳинд дар Афғонистон


Бо хуруҷи аксари нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон то поёни соли 2014 интизор меравад, ки Ҳиндустон дар ин кишвар нақши густардатаре дошта бошад.

Деҳлӣ ҷониби ҳамкори ихтиёрист, ки бо Кобул ҳамкориҳои қавии амниятӣ ва иқтисодиро дар назар гирифтааст. Вале ҳар гуна нақши густардаи Ҳиндустон дар Афғонистон зангулаҳои нигарониро дар Покистони ҳамсоя ба садо медарорад.

Дар ҳоле, ки ҳузури Амрико дар Афғонистон коҳиш меёбад, Кобул мехоҳад барои таъмини амният ва ояндаи иқтисоди худ, бештар ба иттиҳодҳои минтақаӣ бартарӣ қоил шавад. Боздиди чаҳоррӯзаи Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз Ҳиндустон далели ин суханон аст. Ин боздид 15-уми декабр ба поён мерасад. Деҳлӣ барои бозсозии Афғонистон миллиардҳо доллар сарф кардааст ва садҳо нафар афсарони Афғонистонро омӯзиш додааст. Аммо ҳар гуна тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҳиндустон баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон нигарониҳои Покистони ҳамсоя-рақиби сарсахти Ҳиндустонро ба бор меорад.

Майкл Кугелман дар Маркази байналмиллалии мутолеоти Осиёи Ҷанубӣ дар Вашингтон мегӯяд, Ҳиндустон чун қудрати низомӣ ва иқтисодии минтақа метавонад дар амнияти минтақа ва рушди иқтисоди Афғонистон кӯмак кунад:
“Ҳиндустон метавонад барои барнагаштани Толибон ба қудрат ва барои он, ки Толибон дар соли 2014 ягон мақоме дар ҳукумат нагиранд, нақши қавӣ дошта бошад. Барои он, ки Толибон ва ҳомиёни онҳо бо Ҳиндустон душмании сахт доранд. Ҳиндустон дар Афғонистон манофеи тиҷоратӣ низ дорад, ба вижа дар бахши захоири табиӣ ва саноеи маодан”.

Ҳомид Карзай дар Ҳиндустон таҳсил кардааст ва соли 2011 ин ду кишвар бо якдигар қарордоди ҳамкориҳои стротегиро имзо кардаанд. Акнун интизор меравад, ки онҳо ҳамкориҳои худро дар бахшҳои низомиву иқтисодӣ ва сиёсӣ тавсеа диҳанд. Карзай зуд-зуд аз Ҳиндустон боздид мекунад ва интизор меравад, ки вай иҷрои “феҳристи дархост”-ҳои худро матраҳ кунад. Вай моҳи май як феҳристи дархости таҷҳизоти низомиро ба Ҳиндустон дода буд.

Ба ин феҳрист танк, тупхона ё артилерия, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ дохил шудааст ва Афғонистон мехоҳад тавоноии нируҳои ҳавоии худро тақвият диҳад. Вале Ҳиндустон аз ирсоли ин аслиҳаву таҷҳизоти марговар худдорӣ кардааст. Ба ҷои он Ҳиндустон тамрини афсарони Афғонистонро бештар кард ва таҷҳизоти низомии ба қавле ғайримарговар дод.

Кугелман мегӯяд, Деҳлӣ хеле эҳтиёткорона рафтор мекунад, то ба муноқишаҳои Афғонистон кашонда нашавад ва бад-ин тариқ Покистонро таҳрик накунад. Покистон мегӯяд, ки вай гурӯҳҳои тундрави Афғонистонро барои ҳамла ба Ҳиндустон метавонад истифода барад.

То ҳол миёни Покистону Ҳиндустон чунин намунаҳо вуҷуд доштааст. Масалан, дар давоми 12 соли гузашта сафоратхонаи Ҳиндустон дар Кобул ду бор мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Дар аввали соли ҷорӣ як бамгузори маргталаб ба консулгарии Ҳиндустон дар шаҳри Ҷалолобод ҳамла карда буд.

Дар солҳои ишғоли Афғонистон аз сӯи Иттиҳоди Шӯравии пешин Деҳлӣ аз режими Кобул ҳимоят мекард, вале Покистон ба муҷоҳидон аслиҳа медод ва оҳоро меомӯзонд. Коршиносони дигар ҳам ба ин назаранд, ки афзоиши нуфузи Ҳиндустон дар Афғонистон нигаронии нируҳои амниятии Покистонро ба бор хоҳанд овард.

Деҳлӣ ваъда додааст, ки барои таъмири муассисаҳо дар бандари Чобаҳор ва сохтмони 220 километр роҳ аз Афғонистон ба ин бандар 200 миллион доллар медиҳад. Чобаҳор рақиби бандари Гвадари Покистон хоҳад буд, ки Чин сохтааст. Чин ҳам рақиби Ҳиндустон дар минтақа мебошад.
XS
SM
MD
LG