Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷакент. Парвандаи пурсарусадои таҷовузи духтари ноболиғ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додситонии вилояти Суғд рӯзи панҷшанбе парвандаи таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғро барои бознигарӣ ва пажуҳиши дубора ба прокуратураи ноҳияи Панҷакент фиристодааст.

Намояндаи Додситонии вилояти Суғд ба радиои "Озодӣ" гуфт, бино бар номукаммалии таҳқиқи ҷиноӣ парвандаи таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ бозпас ба Панҷакент фиристода шуд. Дар ин робита талаб шудааст, парванда ба таври дақиқ ва бо назардошти ҳамаи далелҳо такмил гардад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вакили дифоъ ва раиси Барномаи ҳуқуқи башар ва дастрасӣ ба мақомоти додгоҳӣ дар ноҳияи Панҷакент Мақсадулло Ҳасанов ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки пас аз таҳқиқи ибтидоӣ додситонии шаҳри Панҷакент айбдоршавандаро бегуноҳ донист. Баъд аз муроҷиати ин вакил Додситонии кулли Тоҷикистон ба прокуратураи вилоят дастур дод, ки ин парванда ҳамаҷониба омӯхта шавад, зеро таҷовуз ба номус бо зӯрӣ ва бо роҳи фиреби як духтари ноболиғ сурат гирифтааст.

Ҷаноби Ҳасанов меафзояд, баҳси таҷовуз ба номуси Г.Т, сокини деҳаи Филмандари ҷамоати Косатарош, ки гумон меравад, дар он писарамакаш даст дорад, яке аз парвандаҳои пурсарусадоест, ки аҳолии ин минтақаро ба шӯр оварда, аммо аз тарафи тафтишон ба сурати бояду шояд таҳқиқ нашудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳасанов, «писарамаки қурбонии таҷовуз Г.Т, ки падари чаҳор фарзанд аст, хешдухтари худро бо роҳи фиреб, яъне бо истифода аз фурсат ба дохили обхонаи манзили Г.Т бурда, ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Сипас ӯ ба духтари ноболиғ таҳдид кардааст, ки агар дар ин бора ба касе лаб кушояд, зинда намемонад. Бо ин ҳол духтарак то марҳилаи ҳомилагӣ хомӯш мондааст.»

Падари духтари ноболиғ мегӯяд, духтараш то замоне, ки дигар натавонист, тифли дар батнаш бударо пинҳон дорад, рози таҷовузро ба касе ифшо накард. Вақте аломатҳои ҳомиладориро дигар пинҳон кардан намешуд, духтар мехоҳад даст ба худкушӣ занад. Аз панҷ талоши худкушӣ падару модар ӯро наҷот додаанд. Падари духтар мегӯяд: «Бори охир кислота хӯрда, мехост худкушӣ кунад. Ба як азоб наҷоташ додем, писари амакаш вақте, ки ман дар чӯпонӣ будам ва модараш 9 сол аст, ки фалаҷи барҷомонда аст, аз ин истифода карда, ба ӯ дасти зӯрӣ кардааст. Ин воқеа дар моҳи марти ҳамин сол рух додааст.»

Мақсадулло Ҳасанов, раиси Барномаи ҳуқуқи башар ва дастрасӣ ба мақомоти додгоҳӣ, ки аз ҳуқуқҳои ин духтари ноболиғ ҳамчун вакили дифоъ пуштибонӣ мекунад, дар робита ба ҳодиса гуфт, бо вуҷуди мавҷудияти аломатҳои ҷиноят Додситонии шаҳри Панҷакент парвандаро баррасӣ кард ва гуфт, ки дар рафтори Тошмуродов асоси ҷиноӣ намебинад.

Волидони айбдоршаванд аз сӯҳбат дар ин масъала худдорӣ карданд, аммо падару модари духтар батакрор гуфтанд, мехоҳанд, ки ин ҳодиса одилона баррасӣ шавад ва шахси гунаҳкор мувофиқ ба амале, ки дар нисбати духтари онҳо анҷом додааст ҷазо гирад.
XS
SM
MD
LG