Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобур ва Аҳсан ба додгоҳи федеролии Амрико ҳозир мешаванд


Рӯзи сешанбе Бобур Аҳмад ва Саид Талхо Аҳсан ба додгоҳи федеролии аёлати Коннектикути Амрико ҳозир мешаванд. Онҳо барои ҳимоят аз терроризм дар қаламрави Афғонистон ва Чеченистон муттаҳам дониста мешаванд. Онҳоро соли гузашта аз Британия ба Амрико истирдод карда буданд ва онҳо иттиҳоми худро эътироф намекунанд.

Бино ба натиҷаҳои расидагӣ, маълум шудааст, ки Аҳмад ва Аҳсан тавассути сомонаҳои интернетӣ, ки дар ихтиёрашон буд, барои тундравҳои исломӣ маблағ ҷамъоварӣ мекардаанд ва ҳамчунин бо истифода аз ин сомонаҳо тундравҳои навро ба суфуфи худ ҷалб мекардаанд. Ҳамчунин Аҳмад барои он гунаҳгор дониста мешавад, ки ба шустушӯи пул низ машғул будааст.

Дар Коннектикут таҳиякунандаи хадамоти интернетӣ вуҷуд доштааст, ки ин ду нафар барои сохтани сомонаҳои худ истифода кардаанд. Агар иттиҳоми онҳо собит шавад, дар он сурат аҳмад ба 30 сол ва Аҳсан ба 15 соли зиндон маҳкум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG