Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедаи 16-сола дар Маскав ёфт шуд


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Умедаи ноболиғи гумшуда, ки 27-уми ноябр дар метрои Маскав нопадид шуда буд, ба назди пайвандонаш баргардонида шуд.

Дафтари матуботи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 10-уми декабр иттилоъ дод, ки як ҳафта қабл Дилоро Салимоваи хоруғӣ, муҳоҷирзани тоҷик ба дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав омада аз ёфт шудани як тоҷикдухтари 16-сола хабар додааст.

Зимни сӯҳбат бо муҳоҷирзани тоҷик Дилоро Салимова кормандони хадамот маълум кардаанд, ки Умеда сокини ҷамоати Қарақчикуми шаҳри Конибодом буда, чанд рӯз қабл муҳоҷирони қирғиз, ки дар назди Хадамоти коммуналии ноҳияи Останкинои шаҳри Москав рӯбучин доштаанд, дар канори метрои ВДНХ ӯро пайдо намудаанд.

Муҳоҷирони қирғиз Умедаро ба Ҳошим Ҳалимов як муҳоҷири тоҷик месупоранд ва ӯ Умедаро ба назди Дилоро Салимова меорад, пас пайдо нашудани волидонаш Дилоро Умедаро ба намояндагии хадамоти муҳоҷират меорад.

Намояндагӣ Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар робита ба сарнавишти Умеда хадамоти консулии Тоҷикистон дар Маскавро дар ҷарёан мегузорад ва пас аз чанд рӯз волидони Умеда сокинони ноҳияи Конибодом бо мусоидати мақомоти шаҳри Конибодом дар ҷараён гузоштаанд.

Расул Маҳмудов, бо ҳамсараш ҲавоТураева ва духтараш Умеда ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон бинобар бе эътибор шудани мӯҳлати шиноснома ва шаҳодатномаи духтараш аз тарафи марзбонони Русия иҷозаи хуруҷ дода нашуд ва онҳоро барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон бозпас гардониданд.

Умеда ҳамроҳи падараш дар охирҳои моҳи ноябр ба Хадамоти консулии шаҳри Маскав меояд, аммо ҳангоми ворид шудан ба қатораи метро дар лаҳзаи серодамӣ духтарашро гум мекунад ва пас аз ду соати ҷустуҷӯ пас мегардад.

Панҷ рӯз қабл яке аз хешони наздики Умеда Мирзо Сангинов, сокини Конибодом, ба дафтари намояндагии Хадамот омада Умедаро ба назди падараш ба ноҳияи Конибодом мефиристонад.
XS
SM
MD
LG