Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наққоши тоҷик дар Алҷазоир дувум шуд


Олим Камолов наққош ва минётурнигори тоҷик, дар ҷашнвораи байналмилалии наққошон таҳти унвони “Танвиз ва минётур” (Illumination and Miniature) дар Алҷазоир сазовори ҷои дуввум гардид. Тавре Олим Камолов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бо пешниҳоди чаҳор мусаввараи худ ба ин озмун, ӯ дар миёни минётурнигорони 27 кишвари дунё мақоми дуввумро касб кард. «Ҷашнвораи байналмилалии “Танвиз ва минётур” дар Алҷазоир ҳафт рӯз идома ёфт ва бояд ҳар ширкаткунанда чаҳор мусаввараи худро ба озмун пешниҳод мекард. Ман минётурҳои “Гаҳворабандон”, “Интихоби асп”, “Пойгаҳ” ва “Чавгонбозӣ”-ро ба ҳакамон ва тамошобинони ин ҷашнвора манзур кардам, ки вижагиҳои барҷастаи миллӣ доштанд. Дар ин мусаввараҳо урфу одат ва маросимҳои миллии мардуми тоҷик таҷассум ёфта буданд ва шояд сабаби аслии мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифтанашон ҳам дар ҳамин буд».

Зимнан ҷашнвораи байналмилалии “Танвиз ва минётур” ҳамасола дар кишвари Алҷазоир баргузор мегардад, ки имсол он дар рӯзҳои 28-уми сентябр то 5-уми октябр рост омад.
XS
SM
MD
LG