Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои СҶТ ба тавофуқоти ниҳоӣ даст ёфтанд


Намояндагони 159 кишвари узви Сомони Ҷаҳонии Тиҷорат ба тавофуқ расиданд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ тиҷорат густариш ёбад. Аз соли 1995, яъне аз замони ташкили ин созмон бори аввал чунин тавофуқи саросарӣ рӯзи шанбе дар музокироти киварҳои узв дар Балӣ-пойтахти Индонезия ба даст омад.

Дар ин мувофиқатнома кишварҳои узв уҳдадор мешаванд, ки муқаррароти гумрукии худро соддатар кунанд ва ба ин тартиб заминаҳои муносиби тиҷорат фароҳам ояд.

Хабаргузориҳо аз номи иқтисоддонон гузориш додаанд, ки дар сурати иҷрои ин тавофуқот иқтисоди ҷаҳон як триллион доллар даромад мегирад. Таҳлилгарон мегӯянд, ин тавофуқот роҳро барои музокироти густарда бар асоси мувофиқатномаи СҶТ дар Доҳа фароҳам хоҳад кард. Дар давоми 12 соли охир музокирот натиҷа намедод ва бояд монеаҳои тиҷоратӣ аз байн бурда мешуд.
XS
SM
MD
LG