Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи шиканҷаи СММ қазияи ду узви ҲНИТ-ро баррасӣ мекунад


Умедҷон Тоҷиев.

Умедҷон Тоҷиев.

Кумитаи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид қазияи ду узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Кумитаи шиканҷаи Cозмони Милали Муттаҳид ба аризаҳои вакилони дифои Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов -- ду узви ҲНИТ посух дода ва гуфтааст, ки қазияи ин ду нафарро, ки ба гуфтаи наздикони онҳо дар шӯъбаи корҳои дохилии Исфара аз сӯи маъмурони пулис мавриди латтукӯб қарор гирифтаанд, баррасӣ хоҳанд кард.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Зуҳур Иброҳимов рӯзи 28-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ду рӯз қабл аз Кумитаи шиканҷаи СММ номаи ҷавобӣ гирифтаанд, ки ин созмон қазияи зери шиканҷа қарор гирифтани зерҳимояи вай ва Умедҷон Тоҷиев, узви дигари ҲНИТ-ро ба баррасӣ гирифтаанд.

Хонум Воҳидова афзуд, ки даҳ рӯз қабл вай ва Юсуф Дониёров, адвокати Умедҷон Тоҷиев тамоми асноди марбут ба латтукӯб ва шиканҷаи Иброҳимов ва Тоҷиевро бо забони англисӣ ба адреси Кумитаи шиканҷаи СММ иро карда буданд: «Мо ду рӯз қабл посух гирифтем. Кумитаи шиканҷаи СММ тасдиқ кардааст, ки масъалаи шиканҷаи зерҳимояи моро ба баррасӣ мегирад, ҳоло мо боз чанд санади дигар таҳия кардаем ва онҳоро ҳам ба ин созмон ирсол медорем».

Умедҷон Тоҷиев ва хешованди наздики ӯ - Зуҳур Иброҳимов, ки ҳарду узви ҲНИТ мебошанд, аз тарафи додситонии Исфара ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Ансоруллоҳ" айбдор дониста шудаанд. Феълан Умед Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов дар СИЗО-и Хуҷанд нигоҳдорӣ мешаванд ва дӯ рӯз қабл Бибисалима Тоҷиева пас аз мулоқот бо фарзандаш - Умедҷон Тоҷиев гуфт, вазъи саломатии писараш «беҳад бад аст, як пояш ҳангоми аз ошёнаи сеюми ШКД-и Исфара ба замин афтидан шикастааст ва пойи дигараш сахт маъюб шудааст».

Бибисалима Тоҷиева афзуд, писарашро бо замбар ба наздаш овардаанд ва Умедҷон Тоҷиев аз ҷояш хеста наметавонистааст. «Як пояш шикастагӣ, пои дигараш сахт маъюб шудааст. Тамоман нигоҳубини духтур нест, худаш мегӯяд, шабҳо фақат барои дардро ҳис накардан як дору медиҳанду тамом».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG