Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов дар Созмони Милал аз номи СҲШ суханронӣ кард


Сироҷидин Аслов, намояндаи доимииТоҷикистон дар СММ, дар нишасти навбатии иҷлосияи 68-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милал, ки ба мавзӯи авзоъ дар Афғонистон бахшида шуда буд, аз номи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой суханронӣ кард.

Ба иттилои намояндагии Тоҷикистон дар ин созмони байнулмилалӣ, сафир Аслов изҳор намуд, ки раванди расидан ба сулҳу ваҳдат дар Афғонистон бояд аз сӯи ҳукумат ва мардуми кишвар татбиқ шавад. Ӯ афзуд, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой раванди барқарорсозии Афғонистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ба мардуми он, аз ҷумла, кӯмаки башардустона мерасонанд.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, СҲШ омодааст, ки дар оянда низ ба хотири рушди Афғонистон робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни созмон ва Афғонистонро вусъат бахшад. Татбиқи тарҳҳои энергетикӣ, сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард ба рушди иқтисод ва таъсиси ҷойхои кори нав дар Афғонистон мусоидат мекунад, гуфт Сироҷиддин Аслов. Ӯ ҳамчунин нақши дафтари СММ дар Афғонистон дар мусоидат ба ин кишвар дар ироаи ёрии зарурӣ ба раванди сулҳу барқарорсозиро муҳим хонд.
XS
SM
MD
LG