Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

69 маҳбуси сиёсӣ маҳбасҳои Мянмарро тарк намуданд


Дар Мянмар рӯзи ҷумъа 69 маҳбуси сиёсӣ, ки бештари онҳо намояндагони аққалиятҳои қавмиянд, маҳбасро тарк намуданд.

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз ин гоми Мянмар истиқбол кард ва ҳамзамон гуфт, дар маҳбасҳои кишвар теъдоди зиёди фаъолони шаҳрвандӣ нигаҳ дошта мешаванд, ки барои афкори сиёсӣ маҳкум шудаанд.

Муовини раиси барномаҳои Amnesty International дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором Изабел Аррадон изҳор намуд, ки аз Мянмар дар бораи идомаи таъқиби фаъолони шаҳрвандӣ барои изҳори озодонаи ақидаҳояшон хабарҳо мерасанд.

Раисиҷумҳури Мянмар Тхейн Сейн ваъда додааст, ки то охири сол ҳама маҳбусони сиёсӣ озод карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG