Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: Эрон ба созиш бо "шашгона" хушбин аст


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи ҷумъа изҳори умедворӣ кард, ки созиш дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҳафтаи оянда дар музокирот бо “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон ҳосил хоҳад шуд. Ҳамзамон ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Теҳрон гуфт, ки мақомоти эронӣ эътирофи ҳаққи кишвар барои тавлиди нерӯи ҳастаиро талаб хоҳанд кард.

Дар Вошингтон як мансабдори аршади амрикоӣ ҳам, ки аз бурдани ному насабаш худдорӣ кард, расидани “шашгона” ва Эрон ба созишро байид надонист. Аммо ӯ ҳушдор дод, ҳанӯз мушкилоте сангине дар миёнанд, ки бояд дар музокирот ҳаллу фасл шаванд.

Қарор аст, ки рӯзи 20 ноябр раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ва вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф дар Женева дидору гуфтугӯ кунанд. Ҳайатҳои Чин, Русия, ИМА, Фаронса, Бритониё ва Олмон рӯзи 21 ноябр ба музокироти дурӯза ба Эрон шурӯъ мекунанд. Гуфтушуниди чанд рӯзи пеши онҳо дар Женева ноком поён ёфта буд.
XS
SM
MD
LG