Пайвандҳои дастрасӣ

“Ҳизбуллоҳ” ширкат дар набардҳо аз сӯи раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро идома медиҳад. Ҳасан Насруллоҳ, раҳбарии ин гурӯҳи шиъа, рӯзи панҷшанбе дар як маросими бахшида ба Ошуро дар Бейрут гуфт, нерӯҳои гурӯҳ дар Сурия то замоне, ки зарур медонанд, боқӣ хоҳанд монд.

Як рӯз пеш Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз мусаллаҳони “Ҳизбуллоҳ” даъват намуд, ки ширкат дар ҷанги дохилии Сурияро қатъ кунанд. Ӯ изҳор намуд, ки низоъ дар Сурия ба авзоъ дар Лубнони ҳамсоя таъсири ҷиддӣ гузоштааст ва ҳамлаҳо дар марзи Лубнон афзоиш ёфта, таҳдид ба эътидолу амният дар ин кишвар боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG