Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ва Эрон робитаҳои дипломатиро эҳё мекунанд


Сафорати Бритониё дар Теҳрон
Сафорати Бритониё дар Теҳрон
Бритониё аз эҳёи робитаҳои дипломатияш бо Эрон хабар дод. Намояндаи вазорати умури хориҷии кишвар гуфт, ки раҳбари раёсати вазорат дар умури Эрон Аҷай Шарма ваколатдори муваққат дар умури Эрон таъин мешавад ва аммо ӯ ба таври доимӣ дар Теҳрон нахоҳад монд.

Хабаргузориҳо менависанд, ин хабар баёнгари рӯ ба беҳбуд ниҳодани робитаҳо миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ баъд аз он аст, ки намоядагони Теҳрон ва шашгона - панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ ба изофаи Олмон дар бораи наздик шудан ба созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон хабар доданд.

Хабаргузории "Меҳр"-и Эрон иттилоъ дод, ки Муҳаммад Ҳасан Ҳабибуллоҳ ваколатдори муваққати умури Эрон дар Бритониё таъин шудаст.

Бритониё сафораташ дар Теҳронро моҳи ноябри соли 2011 баъд аз ҳамлаи донишҷӯён ба бинои сафорат баст. Донишҷӯён алайҳи таҳримҳои Лондон дар баробари Теҳрон эътироз карда буданд. Дар ҷавоб Эрон ҳам дипломатҳои худро аз Лондон бозхонда буд.
XS
SM
MD
LG