Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Давлати исломии Ироқ ва Леванте” пароканда карда шуд


Аймон аз-Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи “Ал-Қоида”, гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Леванте”-ро пароканда кард. Дар як навори видеоӣ, ки аз тариқи шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” пахш шуд, ӯ гуфтааст, ягона гурӯҳи мусаллаҳи “Ал-Қоида” дар Сурия “Ҷабҳаи Ан-Нусра” хоҳад буд.

Ин навори видеоӣ як номаи Завоҳириро тасдиқ мекунад, ки дар бораи он “Ал-Ҷазира” моҳи июн хабар дода буд. Дар он нома гуфта мешуд, ки раҳбари “Ал-Қоида” дар Ироқ Абубакр ал-Бағдодӣ бидуни ризояти раҳбарони “Ал-Қоида” гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Леванте”-ро таъсис карда ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ додааст.

Мусаллаҳони “Ал-Қоида” дар Сурия алайҳи режими Башор Асад мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG