Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргаштанд


Дафтари матботи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар медиҳад, ки охирин гурӯҳи зиёраткунандагони хонаи Худо аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Муҳаммадюсуф Шодиев, раиси дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 4 ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз ҳавопаймони ширкати «Тоҷик Эйр» бо 175 зиёраткунандагони охирини мавсими ҳаҷи имсола ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад. Ва ҳамин тарқи ҳоҷиёне, ки ба зиёрати Каъба рафта буданд, ба ватан бозгаштанд. Интиқоли ҳоҷиён аз шаҳрҳои Мадинаи мунаввара ва Ҷидда ба Душанбе тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ - «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ гардид. Ба қавлиКумитаи дини Тоҷикистон, дар мавсими ҳаҷҷи имсол се шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф дар ҷон дода ва дар қабристонҳои ҳамон ҷо ба хок супорида шудаанд.
XS
SM
MD
LG