Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндониёни Мейдстоун даст ба ошӯб заданд


Дар маҳбаси Мейдстоун, воқеъ дар ҷанубу шарқи Англия, 180 маҳбус даст ба ошӯб заданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters ва шабакаи телевизионии Sky News бо такя ба намояндаҳои иттиҳодияҳои синфии кормандони маҳбасҳо иттилоъ доданд.

Мақомоти зиндон тайид намуданд, ки дар як бинои маҳбас низоъ рӯй дод ва нерӯҳои иловагии муҳофизони маҳбас ба он ҷо равона шуда, аз густариши низоъ ҷилавгирӣ карданд.

Сухангӯи волии минтақаи Кент хабар дод, ки кормандони полис барои саркӯбии ошӯб сафарбар нашудаанд.

Ба иттилои BBC, маҳбусон аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки баъд аз ихтисори кормандони маҳбас вазъи онҳо бадтар шудааст. Аз ҷумла, маҳбусон гуфтаанд, ки назар ба моҳҳои қаблӣ хеле бештар дар утоқҳои оҳанини худ боқӣ мемонанд.

Дар торнамои зиндони Мейдстоун гуфта шудааст, ки дар он фақат маҳбусони хориҷӣ нигаҳ дошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG