Пайвандҳои дастрасӣ

Ғоратгари "Толеъи ту"-ро дастгир кардаанд


Мақомоти корҳои дохилӣ шахсеро, ки пулҳои ташкилоти «Толеъи ту», воқеъ дар шаҳри Душанберо рӯзи 29 ба 30-юми октябр дуздида буд, дастгир кардаанд. Ба гуфти дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ ин шахс, ки аз вай Ҷамшед Шарбатов ном бурда мешавад, бо тариқи шикастани панҷараи оҳанини тирезаи бинои ташкилоти мазкур ба дохили он ворид шуда, аз он ҷо 1 адад сандуқи оҳанин (сейф), ки дар дохили он маблағи пулӣ дар ҳаҷми 7231 сомонӣ нигоҳ дошта мешуд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб зада аст. Вале рӯзи 1-уми ноябр бо гумони даст доштан ба ин ҷиноят Ҷамшед Шарбатови 37-сола сокини шаҳри Душанберо, ки пеш суд шудааст, дастгир кардаанд. Ба гуфти ин манбаъ аз ин гумонбар далели шайъӣ гирифта шуда аст ва нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
XS
SM
MD
LG