Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии се ҷашни Тоҷикистон дар ЮНЕСКО


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон масъалаи таҷлили 3000 солагии Ҳисор, 700 солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва 100 солагии Зиёдуллоҳ Шаҳидиро дар ЮНЕСКО баррасӣ хоҳад кард. Музаффар Азизов, сардори раёсати ҳифзи ёдгориҳои фаҳангӣ ва таърихии вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 1-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз ЮНЕСКО нома дарёфт кардаанд, ки дар он масъалаи баррасии се ҷашни миллии Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Азизов, дар номаи маъмурияти ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи навбатии ин созмон ҷашни 3000 солагии Ҳисор, 700 солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва 100 солагии оҳансози шаҳир Зиёдулло Шаҳидӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ба нақли вай, дар ин ҷаласа ЮНЕСКО ин се ҷашни Тоҷикистонро тасвиб хоҳад кард ва дар назди ин созмон ин ҷашнҳо таҷлил хоҳанд шуд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, ҷиҳати ширкат дар ин ҷаласа рӯзи 3 ноябр озими Фаронса хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG