Пайвандҳои дастрасӣ

Марди тоҷик ба қатли духтари 15-солаи рус гумонбар дониста мешавад


Мақомоти пулиси Русия дар шаҳри Санкт Петербург марди 41-солаеро меҷӯяд, ки барои қатли духтари 15-сола айбдор мешавад. Мақомоти тафтишотии Русия дар шаҳри Санкт Петербург дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки шаби 27-уми октябр дар хонаи яке аз биноҳои хиёбони Наук марди 41-сола соҳибхонаи 54-сола ва духтари 15-солаи вайро бо истифода аз корд маҷруҳ мекунад, ки духтари ноболиғ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мераасад. Гуфта мешавад, ки ин мард шаҳрванди Тоҷикистон аст ва соли 2003 бо ҷурми авбошӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд ва ҳамагӣ 3 моҳ пеш ба озодӣ баромадааст. Расонаҳои русӣ ба нақл аз мақомоти ин кишвар навиштаанд, ки ин мард Рустам Дӯстмуродови 41-сола, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вале баъди ҳодиса вай аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Айни ҳол мақомоти Русия гуфтааст, ин мард дар ҷустуҷуйи пулис қарор қарор дорад ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG