Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафони мусобиқоти лигаи аввал


Бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд баргузор шуданд.

Пешсафони ҷадвали мусобиқот – “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бар рақибонашон пирӯзӣ ба даст оварданд. “Эсхата” дар майдони худ бар дастаи “Мастчоҳ”-и ноҳияи Мастчоҳ бо ҳисоби бузурги 3:0 ғалаба кард. Футболбозони Истаравшан бошанд, дар меҳмонӣ ба дарвозаи дастаи “Қайроққум”-и шаҳри Қайроққум ду голи беҷавоб заданд.

Натоиҷи бозиҳои даври 17-ум чунинанд:
Канд”(Конибодом) - “Шаҳристон” (Шаҳристон) – 3:0 (бохти техникӣ) “Қайроққум” (Қайроққум) - “Далерон-Ӯротеппа” (Истаравшан) - 0:2 “Эсхата”(Хуҷанд) - “Мастчоҳ” (Мастчоҳ) – 3:0
“Спитамен” (Спитамен) – “Исфара” (Исфара) – 2:2
“Пахтакор” (Ҷаббор Расулов) – “Зарафшон” (Панҷакент) – 0:3 (бохти техникӣ)

Баъди натиҷагирии даври 17-ум дастаи “Эсхата” бо 37 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Тими “Далерон-Ӯротеппа”бо 36 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаи “Исфара” бо 30 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. “Эсхата” 15 12 1 2 41 – 9 37
2. “Далерон-Ӯротеппа” 15 11 3 1 64 – 10 36
3. “Исфара” 15 9 3 3 40 – 18 30
4. “Зарафшон” 15 8 3 4 35 – 27 27
5. “Спитамен” 15 5 6 4 35 – 38 21
6. “Мастчоҳ” 15 5 2 8 25– 41 17
7. “Пахтакор” 14 5 1 8 25 – 30 16
8. “Канд” 14 4 2 8 30 – 41 14
9. “Қайроққум” 15 2 1 12 10 – 60 7
10. “Шаҳристон» 15 2 0 13 13 – 44 6



Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев (“Далерон-Ӯротеппа”) – 22 тӯб, Аъзам Ҳусейнов (“Далерон-Ӯротеппа”) – 20 тӯб, Ҳусейн Ҷалолов (“Эсхата”) - 13 тӯб, Илҳом Баротов («Далерон-Ӯротеппа») - 11 тӯб.

Даври 18-ум
Оғози бозиҳо – соати 15:00
22-юми октябр (сешанбе)
«Пахтакор» - «Спитамен»
«Эсхата» - «Исфара»
23-юми октябр (чоршанбе)
«Мастчоҳ» - “Қайроққум”
«Далерон- “Канд”
24-уми октябр (панҷшанбе)
«Зарафшон» - “Шаҳристон”
XS
SM
MD
LG