Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо музокира бо Эронро "хеле муҳим" хонд


Ҷавод Зариф-вазири хориҷаи Эрон дар поёни музокироти Женев

Ҷавод Зариф-вазири хориҷаи Эрон дар поёни музокироти Женев

Музокироти Эрон бо 6 кишвари бузурги ҷаҳонӣ роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи Эрон дар Женева бо хушбиниҳое барои оянда ба поён расид. Намояндагони баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ин музокиротро “хеле муҳим” ва “воқеӣ” арзёбӣ карданд.

Кэтрин Эштон-масъули сисёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе дар поёни музокироти дурӯза гуфт, ки даври нави музокирот 7-8 ноябр баргузор хоҳад шуд.

Хонум Эштон, ки аз номи кишварҳои бузурги ҷаҳон раҳбарии ҳайати музокира бо Эронро бар дӯш дорад, гуфт, ки коршиносони ҳастаӣ ва умури таҳрим пеш аз даври ояндаи музокироти сатҳи боло бо ҳам мулоқот хоҳанд кард. Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки гурӯҳи 5 бар иловаи 1 пешниҳодҳои ҳастаии Эронро “саҳми муҳим” медонад.

Пештар Аббос Арақчӣ-раҳбари ҳайати музокироти Эрон ишора кард, ки Теҳрон ба бозрасон иҷоза хоҳад дод, то онҳо аз таъсисоти ҳастаии Эрон боздид ба амал оранд.
XS
SM
MD
LG