Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Файлин" дар Ҳиндустон панҷ кушта бар ҷой гузошт


Дар Ҳиндустон бар асари тундбоди “Файлин” панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Қабл аз ҳодиса беш аз ним миллион сокинони аёлатҳои шарқии Орисса ва Андрҳа-Прадеш ба манотиқи амн кӯчонида шуданд.

Ба гуфтаи мутахассисон, суръати тундбод беш аз 200 километр дар як соат буд. Мақомоти Ҳиндустон хабар доданд, ки бар асари офати табиӣ хаттҳои интиқоли барқ осеб дида, шоҳроҳҳо масдуд ва ҳаракати қаторҳо қатъ шудааст. Ҳамроҳ бо нерӯҳои изтирорӣ низомиён ҳам ба рафъи паёмадҳои тундбод сафарбар шудаанд.

Чаҳордаҳ сол пеш бар асари тундбод дар аёлати Орисса беш аз 10 ҳазор нафар ҷон бохта буданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин дафъа онҳо барои муқобила бо офати табиӣ беҳтар омода шуда буданд.
XS
SM
MD
LG