Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оятуллоҳ Хоменеӣ мегӯяд, ки Амрико қобили боварӣ нест


Оятулло Алӣ Хоменеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон мегӯяд, ки аз ибтикори дипломатии ҳафтаи гузаштаи Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон дар Маҷмаи Умуии СММ ҳимоят мекунад, вале ба Амрико ба унвони тарафи музокира бовар надорад.

Хоменеӣ дар нахустин арзёбии худ баъд аз сафари Рӯҳонӣ ба Нию Йорк гуфт, “Дар ҳоле, ки мо ба ақидаи кормандони дипломатии худ дар ҳукумат хушбин ҳастем, аз амрикоиҳо дилсард мебошем. Ҳукумати Амрико қобили боварӣ нест, худхоҳ аст ва ваъдахилофӣ мекунад”.

Раҳбари рӯҳонии Эрон ҳамчунин гуфт, баъзе аз корҳое, ки дар ҷараёни сафари Нию Йорк рух дод, дуруст набуд”. Вале вай нагуфт, ки чӣ корҳое “дуруст набуд”.
XS
SM
MD
LG