Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 фаъоли зистмуҳитиро дар Русия маҳкум карданд


Дар шаҳри Мурмански Русия бозрасон ба таври расмӣ 4 нафар фаъолони Greenpeace ё фаъолони зистмуҳитӣ ва як нафар филмбардори ихтиёриро муттаҳам кардаанд. 5 нафари фаъолон аз Русияву Бразилия ва Финландияву Шветсия мебошанд. Агар ҷурми онҳо исбот шавад, ҳар кадоме 15 сол маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд. Ҳукми онҳо дар ояндаи наздик эълон мешавад.

Дар давоми моҳи сентябр дар Русия дар маҷмуъ 30 нафар фаъолони зистмуҳитӣ боздошт гардидаанд. Мақомоти Русия дар обҳои Арктика киштии фаъолонро боздошт ва ба Мурманск овардаанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар талаб кардаанд, ки фаъолони Greenpeace ба зудӣ раҳо шаванд.
XS
SM
MD
LG