Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Индонезия мулоқоти ҷаҳонии туалет оғоз шуд


Дар Индонезия Созмони ғайридавлатии Ҷаҳонии Туалет мулоқоти ҷаҳонии туалетро оғоз кард. Вазифаи ин созмон беҳбуди вазъи санитарӣ ё беҳдоштии туалетҳо, гузоштани таҷҳизоти беҳтар ва огаҳии бештар дар бораи ҳолати беҳдоштии туалетҳо мебошад.

Ин мулоқоти солона се рӯз давом мекунад. Қарор аст ширкаткунандагони он дар шаҳри Яваи ин кишвар дар бораи тамизу озода нигоҳ доштани туалет, таъмир, таҷҳизонидан ва ороиши он суханронӣ кунанд. Созмони Ҷаҳонии Туалет 19 ноябрро Рӯзи Ҷаҳонии Туалет эълон кард.

Ҳоло дар саросари ҷаҳон 2,5 миллиард одам ба туалет дастрасӣ надоранд. Бино ба маълумоти СММ, ҳар сол як миллион кӯдак аз бемориҳори шикамрав ҷон медиҳанд. Сабаби он набуди вазъи солими беҳдоштӣ дар туалетҳо арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG