Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши зиёиёни ИДМ дар пойтахти Беларус


Як ҳайъати Тоҷикистон ахиран дар Минск дар ҳамоиши ҳаштуми зиёиён аз кишварҳои муштаракулманофеъ(ИДМ)ширкат кард. Парвина Нуриддинова, раҳбари анҷумани “Ҷавонон дар роҳи рушд”-и Душанбе ба Озодӣ гуфт, ҳамоиши имсолаи зиёиён аз кишварҳои пасошӯравӣ дар пойтахти Беларус имсол таҳти шиори “Соли 2013- соли фарҳанги экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви ИДМ” барпо шудааст.
Дар Минск ҷиҳати таъсиси як Шӯрои экологӣ ва бо пешниҳоди ректори Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Садовничий, дар мавриди ташкили як маҳфили олимони ИДМ тавофуқ шудааст. Садовничий гуфтааст, ин маҳфил метавонист дар амри гирди ҳамо овардани донишмандони соҳибтафаккур ва кумак ба таҳқиқотҳои муҳими илмӣ дар паҳнои пасошӯравӣ мусоидат карда, бо маҳфили Рум, ки донишмандон аз саросари дунёро муттаҳид мекунад, низ ҳамкорӣ кунад.
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки аз соли 2014 бо навабат яке аз шаҳрҳоии пасошӯравӣ пойтахти ҷавонони ИДМ таъйин шавад.
XS
SM
MD
LG