Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як филми Асғар Фарҳодӣ ба "Оскар" пешбарӣ шуд


Синамогарони эронӣ ба эътирози муҳофизакорон нигаҳ накарда, филми нави Асғар Фарҳодӣ “Le Passe” (“Гузашта”)-ро барои дарёфти “Оскар”, ҷоизаи Академияи синамои Амрико, пешбарӣ намуданд. Филм дар бораи марди эроние қисса мекунанд, ки баъд аз чаҳор соли ҷудоӣ бо хонуми фаронсавияш ба хотири хатми раванди талоқ ба Фаронса бармегардад.

Хабаргузории “Форс”, ки наздик ба муҳофизакорони Эрон аст, тасмими аз номи Эрон пешбарӣ шудани филм ба ҷоизаи “Оскар”-ро интиқод кард, зеро, ба навиштаи хабаргузорӣ, “Le Passe” бо маблағи Фаронса рӯи навор омадааст.

Соли 2012 филми Асғар Фарҳодӣ “Ҷудоии Нодир ва Симин” ба дарёфти “Оскар” дар бахши “Беҳтарин филми ба забони хориҷӣ” муваффақ шуда буд.
XS
SM
MD
LG