Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довудзай ба вазорати умури дохилии Афғонистон сарварӣ мекунад


Парлумони Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе номзадии Умар Довудзайро ба мақоми вазири умури дохилии кишвар пазируфт. Номзадии ӯ аз сӯи раисюумҳур Ҳомид Карзай пешбарӣ шуда буд. Аз номзалии Довудзай 153 узви парлумони дорои 223 вакил пуштиболнӣ карданд.

Як моҳ пеш вакилони парлумон ба вазири собиқи умури дохилӣ Ғулом Маҷтоб Пойтанг барои вазъи ноамни роҳу шоҳроҳҳои шаҳри Кобул изҳори нобоварӣ карда буданд.

Умар Довудзай аз афроди наздик ба раисиҷумҳур Ҳомид Карзай маҳсуб мешавад. Аз ин пеш ӯ раҳбари дафтари раисиҷумҳур ва сафири Афғонистон дар Эрон ва дар Покистон буд.
XS
SM
MD
LG