Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Покистон садҳо нафарро қурбон кард


Дар пайи як зилзилаи шадид дар қисмати ҷанубу-ғарби Покистон дасти кам 208 тан кушта ва садҳо нафари дигар захм бардошт. Ин заминҷумбӣ, ки шиддаташ 8 балл муайян шудааст, нимарӯзи сешанбе дар навоҳии Аваран ва Хуздари Балуҷистон рӯй дод. Ларзиши замин ҳамчунин дар Карочӣ, 250 километрии маркази зилзила эҳсос шуд. Заминларзаро ҳамчунин дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, 1200 километ дуртар аз макони зилзила, эҳсос карданд.
XS
SM
MD
LG