Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рябков: Нозирони СММ фардо ба Димишқ бармегарданд


Сергей Рябков
Сергей Рябков
Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия, гуфт, ки дар қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Сурия шояд ба банди 7 Оинномаи СММ ишора шавад, ки истифодаи нерӯ ё таҳримҳои шадидро пешбинӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ин чора фақат дар ҳоле метавон истифода бурд, ки агар созиш оид ба силоҳи кимиёвӣ халалдор шавад.

Сергей Рябков дар суханронӣ дар Думаи давлатии Русия ҳамчунин гуфт, ки коршиносони СММ ба хотири идомаи тафтиши қазияи истифодаи силоҳи кимиёвӣ рӯзи чаҳоршанбе ба Димишқ бармегарданд. Онҳо ин дафъа аз сӯи кӣ истифода шудани силоҳи кимиёвӣ рӯзи 21 август дар канори Димишқро пажуҳиш хоҳанд кард, ки бар асари он беш аз 1400 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Русия ҳукумати Башор Асадро мутмаин сохт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи низомиии ИМА ба маҳви захираи силоҳи кимиёвияш розӣ шавад.
XS
SM
MD
LG