Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯдакихонӣ дар макотиби Тоҷикистон


Дар макотибу донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири бузургдошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик маҳфилҳои рӯдакихонӣ доир шуд.

Дар ин маҳофил, ки тавасути шабакаҳои телвизиони давлатӣ ҳам шоми шанбеи 21-уми сентябр намоиш дода шуд, шогирдону устодони мактабҳо аз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шеъру таронахонӣ карданд.

Соли 2002 дар Тоҷикистон 1150 солагии Рӯдакӣ ҷашн гирифта шуд ва чанде аз кӯчаву хиёбон ва ҳатто як ноҳияеро дар Тоҷикистон бо номи вай гузоштанд. Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-уми сентябр зодрӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ -сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, шоири қарнҳои 9-10 ҷашн гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG