Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми «Истиқлол»: ФФТ ва «Вавилон» ба финал баромаданд


Дастаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва «Вавилон» ба даври ниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои даври ниманиҳоӣ, ки шоми чоршанбеи 4-уми сентябр дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуданд, ФФТ бар тими “Бонки миллӣ” бо ҳисоби 3:0 ва “Вавилон” бар Академияи футболи «Истиқлол» бо ҳисоби 4:2 ғалаба карданд.

Бозии ниҳоии Ҷоми КФ «Истиқлол» шоми панҷшанбе, 5-уми сентябр, соати 19 дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG