Пайвандҳои дастрасӣ

Аз таъсиси ширкати амрикоии Google 15 сол сипарӣ шуд. Ширкати таъсискардаи Ларрӣ Пейҷ ва Сергей Брин рӯзи 4 сентябри соли 1998 сабти ном шуда, тирамоҳи соли 2004 саҳмияҳои худро дар бозори саҳҳом ба фурӯш баровард. Муассисони Google гуфтанд, ки ҳадафи онҳо – ташкили бунгоҳи иттилоотии ҷаҳонӣ ва таъмини дастрасиии иттилоъ барои ҳар фард аст.

Қароргоҳи ин ширкати маъруфи ҷаҳонӣ аз соли 2003 ба ин сӯ дар шаҳри Маутин-Вю, дар аёлати Калифорния ҷойгир шудааст.

Google имрӯз яке аз бонуфузтарин ва гаронбаҳотарин ширкатҳои олам маҳсуб мешавад. Аммо мунаққидонаш мегӯянд, фанновариҳое, ки ин ширкат дар интернет ворид кардааст, ҳуқуқи инсон барои дахлнопазирии ҳаёти хусусиро нақз мекунанд.
XS
SM
MD
LG