Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи як пулисро дар Хуҷанд ба додгоҳ супурдаанд


Додситонии Хуҷанд парванда алайҳи як пулисро бо иттиҳоми латукӯби як сокини маҳаллӣ анҷом дода, ба додгоҳ ирсол кардааст. Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ин парванда дар пайи шикояти як сокини маркази вилояти Суғд боз шуда буд. Ӯ гуфтааст, ки нозири минтақавӣ дар як маҳаллаи Хуҷанд вайро ҳангоми бозпурсӣ дар утоқи кориаш латукӯб кардааст. Ин корманди пулис ба нақзи банди 316-уми Қонуни ҷиноӣ («берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ») айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG