Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди Путин аз манотиқи фалокатзада


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, боздид аз манотиқи зери обмонда дар Шарқи Дурро идома медиҳад. Ӯ баъди ошноӣ бо вазъи шаҳри Хабаровск, рӯзи ҷумъа бо чархбол ба шаҳри Биробидҷон, маркази Вилояти Худмухтори Яҳудиён ворид шуд. Обхезии бесобиқа дар 120 соли ахир дар ин гӯшаи Русия, мақомотро маҷбур кард, ҳазорон нафарро аз вилояти мазкур ва ҳам аз вилоятҳои Амур, Хабаровск ва Ёқутистон ба маҳаллаҳои амн интиқол диҳанд. То кунун 9500 хона дар ин минтақа осеб дида ва ба зиндагии 100 ҳазор нафар таъсири манфӣ гузоштааст. Сатҳи рӯдхонаи Амур дар шаҳри Хабаровск рӯзи ҷумъа ба ҳадди рекордии 773 сантиметр расидааст ва интизор меравад, то рӯзи 4-уми сентябр ба 780 сантиметр бирасад. Ба гуфтаи мақомот обхезӣ шояд то як моҳ идома кунад.
XS
SM
MD
LG