Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон мегӯяд, тоун густариш нахоҳад ёфт


Ҳукумати Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, хатари паҳн шудани бемории тоун дар ин кишвар таҳдид намекунад. Ду рӯз пештар, ин беморӣ як сокини 15-солаи ноҳияи Оқсуи ҳаммарз бо Қазоқистонро кушт ва ба гуфтаи мақомот, зоҳиран навраси қирғиз бар асари газидани канаи бемор сироят шудааст. Ҳукумати Қирғизистон бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки 162 нафаре, ки бо ин наврас тамос доштаанд, таҳти карантин қарор доранд ва антибиотик мегиранд. Аз бими сирояти ин беморӣ, Қазоқистон назорати беҳдоштӣ дар марзҳояшро тақвият бахшид ва варзишгарони чинӣ аз ширкат дар бозиҳои варзишӣ дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон даст кашидаанд, ки қарор аст аввалҳои моҳи сентябр баргузор шавад. Мақомоти Тоҷикистон низ аз шаҳрвандони кишвар хостаанд, аз сафар ба Иссиқкӯл худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG