Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон "имтиҳони ронандагӣ супурд"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар нахустин мактаби муосири дарси ронандагӣ дар шаҳри Душанбе имтиҳон дода ва ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ ва аз ин имтиҳон бо баҳои бисёр баланд гузаштааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи сешанбе бо нашри баёнияе гуфт, ки раиси ҷумҳур дар расми ифтитоҳи пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳузур дошт, ки ин пойгоҳ дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Ин мактаби ронандагӣ, ки аз тарафи соҳибкорони хусусӣ таъсис шудааст, аз утоқҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо макетҳои электронии мошин, майдони махсуси мошинронӣ ва ҳамчунин мошинҳои боркашу сабукрав ва автобусу мотосиклҳои нави таълимӣ иборат аст. Дар баёнияи омадааст, ки «Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз мошинҳои таълимӣ нишаст ва нахустин касе шуд, ки дар ин пойгоҳ имтиҳони амалии ронандагӣ супорид ва аз маркази назоратӣ ва идораи мутамаркази пойгоҳ хабар доданд, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳон бо баҳои хеле баланд гузашт.»
XS
SM
MD
LG