Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикон дар Русия камтар ҷиноят кардаанд


Вазири умури дохилии Русия мегӯяд, шумораи ҷиноятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар, тайи се соли ахир 40 дар сад камтар шудааст. Владимир Колоколтсев, рӯзи сешанбе баъди ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои умурии дохилии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Екатеринбург гуфт, ба шарофати ҳамкориҳои дуҷониба, теъдоди ҷиноятҳои тоҷикон дар Русия аз соли 2009 то соли 2012 40 дар сад кам шудааст ва аз ҷумла ҷиноятҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир 15 дар сад коҳиш ёфтааст. Айни замон ба гуфтаи вазири рус, алайҳи тоҷикон низ дар Русия ҷиноят содир мешавад ва соли гузашта 1700 ва имсол 800 чунин ҷиноятро сабт кардаанд. Дар ҷаласаи мушовар, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ баррасӣ шудааст. Тоҷикистон яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG