Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шувалов: "Украина бояд якеро интихоб кунад"


Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия, мегӯяд, Украина наметавонад, ҳам дар Иттиҳодияи Аврупо бошад ва ҳам узви Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия. Ӯ дар ин бора рӯзи душанбе ва баъди мулоқоти Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия бо ҳамтои украинии ӯ Микола Азаров дар шаҳри Маскав сухан гуфт. Пештар аз ин Дмитрий Медведев аз нахуствазири Украина хост, қабл аз имзои созишномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо “бар сари оқибатҳои ҳуқуқӣ, сохторӣ ва иқтисодии он” андеша кунад. Ҳукумати Русия мехоҳад, Украина аз имзои созишномаи ҳамшарикӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашида ва ба Иттиҳоди Гумрукӣ бипайвандад, ки ба он Русияву Белорус ва Қазоқистон шомил ҳастанд. Украина умедвор аст, моҳи ноябри ҳамин сол дар шаҳри Вилнюс созишномаи деринтизори тиҷорати озод ва ҳамшарикии сиёсӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба имзо расонад.
XS
SM
MD
LG