Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор шуд


Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи душанбе, масъалаи таҳкими амният баъди хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри баёнияе гуфт, дар ҷаласаи шӯро, ки таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур сурат гирифт, омодагӣ ба фасли сармо ва таҳкими амният баъд аз соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Азбаски Тоҷикистон тирамоҳу зимистон нерӯи барқи кофӣ надорад, Эмомалӣ Раҳмон хостааст, то шифохонаву мактабҳо бо сӯзишвории кофӣ таъмин шаванд ва барои таъмини гармии хонаҳои сокинони пойтахт чора биандешанд. Дар баёния омадааст, ки раҳбарони сохторҳои қудратӣ зимни гузориш дар ҷаласа ба масъалаҳои вобаста ба омодагии нерӯҳои мусаллаҳ, таҳкими амнияту субот дар кишвар ва марзҳо бо Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ тамаркуз карданд. Дар Тоҷикистон бим доранд, ки баъди Афғонистонро тарк кардани нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014, унсурҳои ҷиноӣ ва гурӯҳҳои тундрав саъй хоҳанд кард, ба Тоҷикистон ҳам роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG