Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон пешниҳоди Навоз Шарифро рад карданд


Сухангӯи Таҳрики Толибон, ки бо номи Толибони Покистон низ шинохта мешавад, мегӯяд, ки ин гурӯҳи шӯришӣ бо ҳукумати Исломобод ба музокира нахоҳад нишаст. Шаҳидулло Шаҳидӣ-сухангӯи ин гурӯҳ ба бахши “Машъал”-и радиои Озодӣ гуфт, ки Толибони Покистон пешниҳоди нахуствазир Навоз Шарифро дар бораи анҷоми музокира рад мекунад.

Шаҳидулло нахуствазир Навоз Шарифро муттаҳам кард, ки ба Толибон таҳдид кардааст ва гуфтааст, ки агар Толибон ба музокира нанишинанд аз ниру истифода хоҳад кард. Шаҳид ҳамчунин аз Ашматуллоҳ Муовия-фармондефи аршади Толибон интиқод кард, зеро вай пешниҳоди Навоз Шарифро дар бораи музокироти сулҳ сутудааст.

Рӯзи душанбе Навоз Шариф ҳушдор дод, ки терроризм ба “ҳастии Покистон таҳдид мекунад”. Бо вуҷуди ин вай гуфт, ки омода аст бо нируҳое, ки муттаассифона роҳи тундгароиро дар пеш гирифтаанд, музокира кунад.
XS
SM
MD
LG