Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Амрико Ҳасан Нидолро гунаҳкор эълон кард


Як равоншиноси артиши Амрикоро додгоҳ дар қатли 13 ҳамхидматаш гунаҳкор донист ва мумкин аст, ӯро ба марг маҳкум кунад. Рӯзи ҷумъа додгоҳи низомие дар аёлати Тексас майор Нидол Ҳасанро бар асоси 45 моддаи қонуни ҷиноӣ ба талош барои сӯиқасд ва қатл гунаҳкор донист. Қарор аст, машварати додрасҳо барои эълони ҳукм рӯзи душанбе шурӯъ шавад. Нидол Ҳасан аз вакили дифоъ даст кашидааст ва ба додгоҳ шоҳид ҳам нахостаасту шаҳодат ҳам надодааст. Ин афсари мусулмони амрикоӣ эътироф кардааст, ки моҳи ноябри соли 2009 бо тирандозӣ дар дохили пойгоҳи низомии Форт Ҳуд, 13 ҳамхидматашро кушт, то аз фиристодани онҳо ба ҷангҳои ғайриқонунӣ дар хориҷ аз Амрико ҷилавгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG