Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Хабаровск ба кӯч додани аҳолӣ омодагӣ мегирад


Хабаровск
Хабаровск
Мақомоти расмии минтақаи Амури Русия мегӯянд, ки дар натиҷаи боронҳои паёпай сатҳи об дар наздикии шаҳри Хабаровск ба 696 сантиметр расидааст ва чунин селобҳо бесобиқа будааст.

Рӯзи чаҳоршанбе Александр Соколов-шаҳрдори Хабаровск ба рӯзноманигорон гуфт, ба таври дастаҷамъӣ кӯч додани сокинон замоне шуруъ мешавад, ки агар сатҳи об ба 780 сантиметр бирасад. Соколов гуфт, ки барои 4 500 нафар сарпаноҳи муваққатӣ вуҷуд дорад ва дар вақтҳои наздик барои 10 000 нафари дигар сарпаноҳ омода хоҳанд кард.
Аз 600 000 бино то ҳол 300 бино аз селобҳо осеб дидаанд. Ҳазорон нафар аз

минтақаҳои Амур, Хабаровск, Якутия ва минтақаи мухтори яҳудиҳо ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG