Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири Салиби Сурх ба Куриёи Шимолӣ расид


Мудири Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх рӯзи сешанбе вориди Пхенян, пойтахти Куриёи Шимолӣ шуд ва нахустин раҳбари ин муассисаи имдодист, ки пас аз 21 сол аз ин кишвар дидан мекунад. Созмони мазкур эълон кард, ки Питер Маурер бо мақомоти Куриёи Шимолӣ масъалаи ҳамоиши хонаводаҳои аз ҳам ҷудомондаи ду Куриё ва масоили башариро баррасӣ хоҳад кард. Баъди боздиди серӯзааш аз Пхенян, мудири Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба Куриёи Ҷанубӣ хоҳад рафт. Дар ин кишвар тақрибан 72 ҳазор нафаре зиндагӣ мекунанд, ки дар ҷанги солҳои 1950-1953 аз хонаводаҳояшон дар Куриёи Шимолӣ ҷудо шуда ва то кунун онҳоро надидаанд. Нисфи он мардум бештар аз 80 сол доранд ва дар ҳасрати дидори наздикони худ ҳастанд. Ҳамоиши умдатан чандсаднафарӣ аз ин хонаводаҳо дар Куриёи Шимолӣ сурат мегирад ва охирин дафъа соли соли 2010 буд.
XS
SM
MD
LG