Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ 10-мин солгарди куштори кормандонашро гиромӣ дошт


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ 10-мин солгарди бамгузории намояндагии СММ дар Бағдодро баргузор кард. Ин маросим дар бинои СММ дар Нию Йорк доир шуд.

Дар ин маросим Бан Ки Мун хотираи 22 нафар кормандони СММ-ро, ки дар бамгузории Бағдод ҷон доданд, гиромӣ дошт. Вай гуфт, “онҳо ҳангоми хидмат барои сулҳ ҷон бохтанд”. Оқои Бан гуфт, ононе, ки ба кормандони СММ ҳамла бурданд, бо гузашти вақт таҷриба гирифтанд, густоху бераҳмтар ва мусаллаҳтар шуданд.

Ҳар сол дар бинои СММ дар Нию Йорк ин рӯзро гиромӣ медоранд ва онро чун Рӯзи Башарии Ҷаҳон баргузор мекунанд. Ин рӯзро дар 50 кишвари дигари ҷаҳон низ гиромӣ доштанд.
XS
SM
MD
LG