Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Қоҳира ба хушунат печид


Пулиси Миср бо истифода аз гази ашковар муноқишаи тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқ ва мухолифони ӯро поён додааст. Бино ба гузоришҳо, чанд ҳазор аз тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ба самти вазоратхонаҳо дар маркази Қоҳира раҳпаймоӣ мекарданд ва сокинони ин маҳал бо дашному фарёд ба сари онҳо сангу зарфҳои шишагӣ партоб кардаанд. Тарафдорони Мурсӣ ҳам чунин посух додаанд ва байни ду тараф муноқиша бархостааст. Маъмурони амниятӣ маҷбур шудаанд, барои аз ҳам ҷудо кардани издиҳом гази ашковар ба кор барад. Пас аз тазоҳуроти азими мардумӣ, артиши Миср Муҳаммад Мурсиро рӯзи 3-уми июл аз мақомаш барканор кард. Баъди ин тарафдорони исломгарои Мурсӣ дар Қоҳира ду урдӯгоҳ зада ва ҳар рӯз бо талаби барқарории ӯ тазоҳурот мекунанд. Аз рӯзи сеюми июл то кунун дар ин муноқишаву тазоҳуротҳо 250 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG