Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маннинг ҷосус аст ё номзади ҷоизаи сулҳи Нобел?


Ҷулиан Ассанҷ-муассиси WikiLeaks ва Брадлӣ Маннинг ифшогари WikiLeaks

Ҷулиан Ассанҷ-муассиси WikiLeaks ва Брадлӣ Маннинг ифшогари WikiLeaks

Як гурӯҳи ҳуқуқи башари Амрико 100 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардааст ва аз кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегия хостааст, ки ҷоизаи сулҳи Нобелро барои соли ҷорӣ ба Брадлӣ Маннинг-сарбози маҳкумшудаи амрикоӣ диҳад. Ин сарбоз барои ҷосусӣ, яъне ифшои асноди Wikileaks маҳкум шудааст.

Ин гурӯҳ бо номи RootsAction рӯзи душанбе номаи дастаҷамъии худро дар Осло ба кумитаи мазкур супурд. Норман Соломон-яке аз созмондиҳандагони ин гурӯҳ гуфт, ки Маннинг бо ифшои ҳуҷҷатҳо кӯмак кард, ки ҷанги Ироқ кӯтоҳтар шавад. Вай ҳамчунин гуфт, ки додани ҷоизаи сулҳи Нобел ба Маннинг эътибори ин ҷоизаро баъд аз додани ин ҷоиза ба Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар соли 2009 барқарор хоҳад кард.

То ҳол 259 нафар барои дарёфти ин ҷоиза сабти ном шудаанд ва Маннинг низ аз ҷумлаи онҳост. Барандаи ин ҷоиза 11 октябри соли ҷорӣ эълон мешавад. Ба Маннинг барои ҷосусӣ 90 соли зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG