Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни Ал-Қоида 5 сарбози яманиро куштанд


Мақомоти қудратии Яман мегӯянд, ҷангҷӯёни мазнуни Ал-Қоида панҷ сарбози посбони як таъсисоти азими коркарди газ дар шаҳри Аденро куштаанд. Ҷанҷӯён субҳи якшанбе ба посгоҳи назди таъсисоти коркарди гази моеъи Балҳаф ворид шуда, аввал посбон ва сипас чаҳор сарбозро ҳангоми хобашон куштаанд. Ҳукумати Яман ҳафтаи гузашта гуфт, терминали миллиардолларии Балҳаф яке аз таъсисоте буд, ки аъзои Ал-Қоида қасди ҳамла ба онро доштаанд. Чанд соат пеш аз ин ҳамла, ду ҷангҷӯи Ал-Қоида бар асари ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар вилояти Лаҳҷи Яман кушта шуданд. Ҳафтаи гузашта, Иёлоти Муттаҳида ва чанде аз кишварҳои ғарбӣ, бинобар ҳушдорҳо аз вуқӯъи амалҳои террористӣ, баъзе аз сафоратҳояшон дар кишварҳои Ховари Миёна аз ҷумла Яманро бастанд.
XS
SM
MD
LG