Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул дар хонае 3 шаҳрванди Чинро ба қатл расонданд


Яке аз хиёбонҳои Кобул
Яке аз хиёбонҳои Кобул
Сафорати Чин дар Афғонистон мегӯяд, ки 3 шаҳрванди Чин дар Кобул кушта шудаанд ва 2 нафари дигар бедарак мебошанд. Рӯзи ҷумъа ин сафорат эъломияе пахш кард. Дар он гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дар яке аз биноҳои чандошёнаи Кобул дар хонае рух додааст.

Дар эъломия омадааст, ки ин шаҳрвандони Чин амдан ҳадаф қарор гирифтаанд ва бояд ҳарчӣ зудтар тадобир андешида ва қотилон боздошт шаванд. Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дода нашудааст.

Чин дар бахши захоири табиӣ ва маъдани Афғонистон сармояҳои ҳангуфт гузоштааст. Дар бисёре аз ширкатҳои маодани чинӣ дар саросари Афғонистон, ки чиниҳо сармоягузорӣ кардаанд, коргарони чинӣ кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG